Сокини 29-солаи шаҳри Бӯстон ҳамсарашро кушта, худро ба дор овехт

13-07-2018 | Безопасность | 0 | 117

tajikistan

Сокини 29-солаи шаҳри Бӯстон (собиқ Чкаловск) қаблан бар асари рашк бо ҳамсараш муноқишаву ҷанҷол намуда, лекин тасмим гирифт, ки оштӣ мешавад.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, бо ин мақсад ӯ занашро ба хонаи хоҳараш даъват мекунад, вале боз аз ҳиссиёти рашк бо ноқили тайёркардааш аввал ҳамсарашро бӯғӣ карда мекушад ва баъдан худро низ бо роҳи доркашӣ ба ҳалокат мерасонад.

Зимнан зикр мегардад, ки оид ба ин ҳодиса мутобиқи моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Қобили зикр аст, ки ҳодисаҳои куштор бар асари муноқишаҳои оилавӣ дар Тоҷикистон кам нестанд. Чанде пеш дар ноҳияи Фархор як ҷавонзан дар натиҷаи ҷанҷоли оилавӣ ҳамсари пиронсолашро то марг лату кӯб намуд.

Поделиться новостью в социальных сетях:


Комментарии

Ваше имя
Email

Комментариев пока нет