Аргентина аз Русия боздошти Алӣ Акбар Вилоятиро дархост кард

13-07-2018 | Мир | 0 | 129

tajikistan

Мулоқоти Путин бо Вилятӣ дар Маскав. 12 июли соли 2018


Вазорати умури хориҷии Аргентина аз Маскав хост, собиқ вазири хориҷии Эрон Алӣ Акбар Вилоятиро, барои гӯё нақши ӯ дар бомбагузории соли 1994 дар Буэнос Айрес, ки 85 қурбонӣ дорад, боздошт ва ба Аргентина истирдод кунад.

Вилоятӣ, ки ҳоло мушовири аршади Рабҳари Олии Эрон Оятулло Алӣ Хоманӣ аст, рӯзи 12 бо ҳадафи дидору гуфтугӯ бо президенти Русия Владимир Путин вориди Маскав шуд. Ба думболи Русия, Вилоятӣ рӯзи 13 июл сафарашаро дар Чин идома медиҳад. Мақомоти Аргентина мегӯянд, ки онҳо бо чунин дархост ба Пекин низ муроҷиат карданд.

Соле, ки таркиш созмони муштараки Исроилу Аргентинаро хароб кард, Алӣ Акбар Вилоятӣ вазири умури хориҷии Эрон буд ва додситонии Аргентина ӯро "иделог"-и ин ҳамла номбар кардааст. Ҳамла бо 85 кушташуда ва 300 захмӣ бузургтарин ҳамлаи террористӣ дар таърихи Аргентина аст.

Эрон ва Вилоятӣ иттиҳомро рад мекунанд.

Вилоятӣ аз мақомҳои баландпояи Эрон аст, ки Аргентина ӯро якҷо бо президенти пешин Акбар Ҳошимӣ Рафсанҷонӣ ба содир кардани фармони ҳамлаи террористӣ муттаҳам кардааст.

Ангушти иттиҳом дар пиёда кардани ин ва ҳамлаҳои дигар ба Маркази яҳудиҳо ва сафорати Исроил дар Буэнос Айрес ба сӯи гурӯҳи шиамзҳаби Ҳизбуллоҳи Лубнон балан шуд, ки Эрон аз он пуштибонӣ мекунад.

Поделиться новостью в социальных сетях:


Комментарии

Ваше имя
Email

Комментариев пока нет