ИМА: "Агар Чину Русия ба хариди нафти Эрон идома бидиҳанд, таҳрим мешаванд"

13-07-2018 | Мир | 0 | 6

tajikistan

Вазорати молияи Амрико мегӯяд, дар сурате, ки Чин, Русия ва Аврупо ба хариди нафт аз Эрон идома бидиҳанд, таҳрим мешаванд. Стивен Тернет Мнушин, вазири молияи Амрико рӯзи панҷшанбе зимни ироаи гузорише ба Кумитаи хадамоти молии Маҷлиси намояндагони Амрико ин матлабро баён дошт.

Дар ин нишаст, як намояндаи демократҳо аз вазири молияи Амрико пурсид, оё Чин қабул кардааст, то воридоти нафт аз Эронро қатъ кунад ва агар ин корро накунад, оё Вашингтон қасд дорад Пекинро таҳрим кунад?

Стивен Тернет Мнушин дар посух гуфт, Амрико қасд дорад барои муқобила бо хариди нафти Эрон, "ҳар кишваре, аз ҷумла Чин"-ро таҳрим кунад. Вай дар идома таъкид кард, "бори дигар, мо қасдамон ин аст, ки алайҳи нафти Эрон таҳримҳое алайҳи Русия, Аврупо ва дигарон ҷорӣ кунем."

Амрико дар авоили моҳи майи соли ҷорӣ аз созишномаи ҳастаӣ бо Эрон берун шуд ва дар пай мудири сиёсатгузории вазорати умури хориҷии Амрико эълон кард, ки даври нави таҳримҳои нав алайҳи Эрон оғоз мешавад ва талош хоҳад шуд, то содироти нафти Эрон ба сифр бирасад.

Талоши Аврупову Русия ва Чин барои ҳифзи созиш бо Эрон

Иттиҳодияи Аврупо ба ҳамроҳи Русия ва Чин талош доранд, то ба созишномаи атомӣ бо Эрон содиқ бимонанд. Аммо дар айни ҳол таъкид кардаанд, ки таҳримҳои Амрико корро душвор кардааст. Оҷонсии байналмилалии энержӣ рӯзи панҷшанбе эълом кард, ки содироти нафти Эрон ба Аврупо ба хотири таҳримҳои Амрико дар моҳи гузашта назар ба моҳи қабл, ним баробар кам шудааст.

Русия низ аз ин фишорҳо бетаъсир набудааст. "Лук Ойл"-- дувумин ширкати бузурги нафтии Русия қаблан эълон карда буд, ки бинобар нигарониҳо аз бозгашти таҳримҳои Амрико, феълан нияти идомаи тарҳҳои муштарак бо Эронро надорад. Ҳамчунин Чин -- бузургтарин харидори нафтии Эрон низ дар нимаи аввали моҳи май ибрози "умедворӣ" кард, ки воридоти нафт аз Эронро идома бидиҳад, гуфт, ки барои идомаи ин кор замонате вуҷуд надорад.

Дар баробари талошҳои Амрико барои қатъи содироти нафти Эрон, Ҷумҳурии исломӣ низ дар талош аст то ҳомиёни худро аз даст надиҳад. Дар ҳамин росто, Алиакбар Вилоятӣ, мушоври умури байналмилалии раҳбари Эрон рӯзи панҷшанбеи 12-уми июл дар ҷараёни сафараш ба Русия аз ҳамкории ширкатҳои русӣ бо Эрон, ибрози хушнудӣ кард. Расонаҳои Эрон хабар додаанд, ки оқои Вилоятӣ баъд аз музокироташ бо мақомоти Русия, эҳтимолан ба Чин низ хоҳад рафт.

Поделиться новостью в социальных сетях:


Комментарии

Ваше имя
Email

Комментариев пока нет