Шиносоии коршиносони Ӯзбекистон бо вазъи бемории сил дар Тоҷикистон

12-07-2018 | Таджикистан | 0 | 96

tajikistan

Коршиносони Вазорати тандурустӣ дар якҷоягӣ бо коршиносони Маркази ҷумҳуриявии тиббии физиологӣ ва пулмонологӣ ва намояндагони Кумитаи кор бо занони Ҷумҳурии Узбекистон ба хотири мулоқот бо ҳамкасбони худ аз Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил, муассисаи тиббии мубориза бар зидди бемории сил, Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим, Кумитаи кор бо занон ва оила ва ҷомеа шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафар намуданд.

Ин сафари кории ҳафтрӯза бо кӯмакӣ Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба хотири табодули донишҳо ва ҳамкории мутақобилан судманди ҷомеаи шаҳрвандӣ сурат гирифт. Ин ташаббус яке аз самтҳои фаолият вобаста ба табодули донишҳо дар самти идораи бемории сил дар минтақаи Осиёи Миёна мебошад, ки дар асоси таҷрибаи байналмилалӣ ва тавсияҳои охириниТашкилоти Умумиҷахонии Тандурустӣ сурат гирифт.

Ҳайати коршиносони Узбекистон аз шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд дидан намуданд ва ба фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ вобаста ба бемории сил, гуруҳҳои дастгирии беморони сил, мактабҳо ва куммитаҳои маҳалии тандурустӣ, ки фаъолияти куммитаҳо ва сохторҳои тандурустиро, ба хусус дар ноҳияҳои дурдасти кишвар мепайванданд ва аз ҷониби USAID дастгирӣ меёбанд, ошно гардиданд.

Ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар баланд бардоштани огоҳонӣ дар бораи ин бемории сиряткунанда, аммо табобатшаванда, дар самти дастгирии беморон, ки таҳти табобати дуру дароз қарор доранд ва таҳти муоличаи шадид ҳастанд талош меварзанд. Ғайр аз ин ташкилотҳои номбурда бо мубориза бар зидди доғгузорӣ нисбат ба осебдидагони беморони сил машғул мебошанд.

Ҳамкории коршиносони Узбекистон ва Тоҷикистон барои пешгирии бемории сил ва табобати он байни занон – қишри калидии аҳолӣ, ки аз ин беморӣ осеб диданд, аҳамияти хоса дорад. Дар Тоҷикистон, бо дастгирии USAID, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва куммитаҳои маҳалии тандурустӣ ба ошкор намудани ҳамаи ҳолатҳои бемории сил дар байни занон мусоидат мекунад. Ин мубодилаи донишҳо ба беҳтаргардонии минбаъдаи назорати бемории сил тавассути ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба хотири осудагии мардуми ҳар ду кишвар ва тамоми Осиёи Марказӣ, мусоидат хоҳад кард.

USAID ба Вазорати тандурустии ҶУ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҶТ дар коркарди барномаҳо дар соҳаи мубориза бар зидди бемории сил, ҳамчунин дар татбиқи усулҳои нисбатан самараноки пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемории сил байни аҳоли ва гуруҳҳои осебпазир дастгирӣ менамояд.

Ҳадаф аз барномаи панҷсолаи USAID мубориза бар зидди бемории сил, коҳиш додани дараҷаи вазнинии бемории сил дар ҶТ ва Узбекистон, пешгирӣ намудани шаклҳои мухталифи он бо усули устувор, бо истифода аз дорувориҳо, мебошад. Барномаи USAID доираи васеъи масъалаҳои тиббиро, аз қабили рушди инсонӣ, рушди институсионалӣ дар низоми тиббӣ, беҳтар намудани ҳамоҳангсозии байниидоравӣ, ҳамкорӣ ва баланд бардоштани дастрасӣ ба ташхис ва муолиҷаи силро фаро мегирад.

Поделиться новостью в социальных сетях:


Комментарии

Ваше имя
Email

Комментариев пока нет