Тафсири сиёсати қурбии Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2018

11-07-2018 | Экономика | 0 | 9

tajikistan

Бонки миллии Тоҷикистон тибқи муқаррароти “Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 ва давраи миёнамуҳлат” бо дарназардошти гузариш ба низоми “ҳадафгирии таваррум”, сиёсати қурбии ба реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда” асосёфтаро, амалӣ карда истодааст.

Натиҷаҳои татбиқи ин сиёсат дар 6 моҳи охир бо рақамҳои зерин тавсиф меёбанд:
- қурби расмии сомонӣ нисбати доллари ИМА 3,8 фоиз коҳиш ёфтааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли 2017 (коҳишёбӣ 11,8 фоиз) 8,0 фоиз камтар мебошад.

Қайд намудан зарур аст, ки андозаи коҳишёбии қурби расмӣ ба дурнамои қурби миёнасолонаи он дар соли 2018 мувофиқ буда, асосан дар моҳҳои апрел (0,9 фоиз), май (1,3 фоиз) ва июн (1,6 фоиз) ба вуҷуд омадааст.

Тағйирёбии қурби расмии сомонӣ нисбати доллари ИМА вазъи вокеъии имрӯзаи иқтисодиёт, фаъолияти расмии бозорҳои хариду фурӯши молу мавод ва асъори хориҷии ҷумҳуриро инъикос менамояд;

- қурби фурӯши доллари ИМА-и нақд бо сомонӣ дар бозори ғайрирасмӣ бошад, 4,5 фоиз баланд шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли 2017 (баландшавӣ 11,7 фоиз) 7,2 фоиз пасттар аст.

Чунин баландшавии қурби фурӯши доллари ИМА-и нақд асосан дар моҳҳои апрел (1,9 фоиз), май (1,8 фоиз) ва июн (0,6 фоиз) ба вуҷуд омада, номуътадил гаштани вазъи бозори дохилии асъор ва қурби пули миллиро зери таъсири омилу сабабҳои мавсимӣ ва ҳолатҳои ғайричашмдошти беруна, инъикос менамояд.

Ҳолати мазкур ба он оварда расонид, ки фарқияти байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари ИМА-и нақд дар бозори ғайрирасмӣ меъёри муқарраршудаи 2 фоизаро гузашта, аз 2,0 фоиз дар санаи 10.04.с.2018 то ба 3,4 фоиз дар санаи 27.04.с.2018 зиёд гардид.

Сабабу омилҳои баландшавии аз эътидол беруни қурби фурӯши доллари ИМА-и нақд дар бозори ғайрирасмӣ инҳоянд:

1. Боқӣ мондани бақияи манфии тавозуни савдои ҷумҳурӣ (фарқияти байни содирот ва воридот). Бақияи манфӣ дар 5 моҳи соли 2018 ба 825,6 млн. доллари ИМА баробар шудааст, ки ин нисбати ҳамин давраи соли 2017 - 200,0 млн. доллари ИМА зиёдтар аст. 

Афзоиши бақияи манфии тавозуни савдо, бинобар ба андозаи то 24,9 фоиз (250,5 млн. доллари ИМА) афзоиш ёфтани воридот ва танҳо ба андозаи 13,3 фоиз (50,5 млн. доллари ИМА) афзоиш ёфтани содирот ба вуҷуд омадааст.

2. Мубодилаи рубли русӣ ба доллари ИМА яке аз манбаъҳои асосии дарёфт кардани асъори хориҷии озод мубодилашаванда маҳсуб гашта, устувор будани қурби он ба ташкилотҳои қарзии ватанӣ имконият медод, ки муназам доллари ИМА-ро бо қурби қобили қабул аз бозорҳои Русия харидорӣ карда, талаботи мизоҷонашонро ба он қонеъ намоянд.

Мавҷудияти ҳамин механизм яке аз омилҳои асосии нигоҳдории тавозуни байни талабот ва пешниҳоди асъори хориҷӣ, муътадил шудани вазъи бозори дохилии асъор ва суботи қурби пули миллӣ дар нимаи дуюми соли 2017 ва семоҳаи якуми соли 2018 мебошад. 

Аз санаи 06.04.с.2018 то 12.04.с.2018 қурби рубли русӣ нисбати доллари ИМА якбора то ба 11,2 фоиз коҳиш ёфт. Коҳишёбии мазкур амалияи бо рубли русӣ харидорӣ намудани доллари ИМА-ро маҳдуд намуда, боиси аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба маротиб кам кардани пешниҳоди доллари ИМА ва чун натиҷа, зиёд гаштани талабот ба доллари ИМА-и ғайринақдӣ аз ҷониби мизоҷон - субъектҳои хоҷагидорӣ ва ба доллари ИМА-и нақд аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ ва аҳолӣ мусоидат намуд. 

Ҳолати мазкур ва инчунин таъсири омили равонӣ, дар навбати худ ба фаъол гаштани бозори ғайрирасмии асъор, баланд шудани қурби фурӯши доллари ИМА-и нақд дар он ва аз 2 фоиз зиёд шудани фарқияти байни қурбҳо, сабаб гашт.

3. Зиёд шудани талабот ба доллари ИМА (бахусус, ба доллари ИМА-и нақд) бинобар афзудани фаъолияти истеҳсолӣ, тиҷоратӣ ва ҳаҷми савдо, ки ба афзоиши ҳаҷми интиқолҳои пулӣ бо рубли русӣ ва баландшавии қурби он нисбати сомонӣ (11,6 фоиз) дар давраи аз моҳи июли соли 2017 то моҳи марти соли 2018, алоқаманд аст. 

4. Афзоиши ҳаҷми пули нақди миллии дар муомилотбуда, аз ҳисоби зиёд шудани хароҷотҳои буҷет барои таъмини уҳдадориҳои қарзи беруна ва маблағгузории сохтмони иншоотҳои муҳими давлатӣ (27,4 фоиз афзоиш дар 5 моҳи соли 2018 нисбат ба ҳамин давраи соли 2017). 

Қайд намудан зарур аст, ки дар соли 2018 гузариш ба реҷаи “ҳадафгирии таваррум” дар амалӣ гардонидани сиёсати пулию қарзӣ пешбинӣ шудааст ва бинобар ин, Бонки миллии Тоҷикистон бояд   механизм ва  усулҳои ба  он мутобиқро дар амал татбиқ намояд.

Аз ин рӯ, Бонки миллии Тоҷикистон дахолатҳои асъории худро (фурӯши доллари ИМА-ро дар бозори байнибонкӣ) тавассути татбиқи роҳу воситаҳои иқтисоди бозоргонӣ, бо истифода аз механизми мутамаркази хариду фурӯши рубли русӣ ва барориши қоғазҳои қиматноки худӣ (дар 6 моҳи соли 2018 ба маблағи 9,0 млрд. сомонӣ, ки ин нисбати ҳамин давраи соли 2017 – 5,1 млрд. сомонӣ ё 1,8 маротиба зиёд мебошад) анҷом дода, бозорро ба танзим медарорад.

То санаи 30.06.с.2018, Бонки миллии Тоҷикистон аз бозори дохилӣ 15,1 млн. доллари ИМА ва 38,4 млрд. рубли русӣ харидорӣ ва дар он 13,0 млн. доллари ИМА ва 34,7 млрд. рубли русиро фурӯхт. Дар баробари ин, дар бозори беруна амалиётҳои вогардонии (конверсияи) асъори хориҷиро анҷом дода, аз ҷумла 3,8 млрд. рубли русиро фурӯхта, мутаносибан 68,3 млн. доллари ИМА ва 4,3 млн. евро харидорӣ кардааст.

Маҳз аз ҳисоби ҳамин маблағҳои бадастомада, Бонки миллии Тоҷикистон, иҷрои ӯҳдадориҳои буҷет, барномаҳои стратегии давлатӣ, пардохтҳои ташкилотҳои қарзӣ ва дастгирии пули миллиро анҷом дода истодааст.

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таъмини устувории қурби пули миллӣ бо истифода аз тамоми воситаю имкониятҳо, маҷмӯи чораҳои сиёсати пулию қарзӣ ва маъмурию назоратиро ҳамарӯза амалӣ карда, истодааст. 

Ба ин нигоҳ накарада, фарқияти аз меъёр зиёди қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари ИМА-и нақд дар бозори ғайрирасмӣ боқӣ мондааст ва бинобар ин, барои бартараф кардани он амалӣ кардани як қатор чораҳои иловагӣ, зарур аст. 

Аз он ҷумла, Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз барои қонеъ гардонидани талаботи мизоҷони ташкилотҳои қарзӣ ба асъори хориҷӣ дахолати асъорӣ - фурӯши доллари ИМА-ро дар бозори байнибонкӣ анҷом дода, минбаъд дар музоядаҳои фурӯши рубли русӣ аз фишангҳои муосири худ самаранок истифода мебарад. 

Айни замон, худи ҳамин рӯз бо мақсади таъмини риояи меъёри фарқияти то ба 2 фоизаи байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари ИМА-и нақд дар бозори ғайрирасмӣ тасҳеҳи (коррексияи) якдаъфинаи қурби базавии миёнавазни қарордодҳои хариду фурӯши доллари ИМА дар бозори байнибонкӣ ва дохилибонкиро анҷом хоҳад дод.

Бонки миллии Тоҷикистон бо камоли масъулият изҳор менамояд, ки ҳамарӯза вазъиятро зери мушоҳидаю таҳлил ва назорати доимӣ нигоҳ дошта, барои таъмин кардани суботи бозори дохилии асъор ва устувории қурби пули миллӣ воситаю имконият ва захираҳои заруриро дорад ва истифода хоҳад бурд. 

Поделиться новостью в социальных сетях:


Комментарии

Ваше имя
Email

Комментариев пока нет