Диловар Гулов устухони рӯ ва бинии корманди УБОП-ро шикастааст

11-07-2018 | Безопасность | 0 | 323

tajikistan

Диловар Гулов, писари вазири собиқи энергетика ва қудои президент Шералӣ Гул дар муноқишаи шаби 8 июл дар маркази Душанбе устухони рӯ ва бинии корманди УБОП Дилшод Нарзуллозодаро зада, шикастааст. Ӯ ҳоло дар боздошт қарор дорад.

 Диловар Гулов, писари вазири собиқи энергетикаи Тоҷикистон бо ҳодисаи латукӯби якафсари милиса дигарбора дар сархати хабарҳо қарор гирифт.

Ҳодиса рӯзи8-уми июл дар яке аз хиёбонҳои марказии Душанбе рух додааст ва писари вазири собиқ бо афсари милиса Дилшод Нарзуллозодаи 33-сола вориди муноқишаи лафзӣ шуда ва баъдан ӯро латукӯб кардааст.

"Биниаш шикаста, устухонаш осеби ҷиддӣ дид"

Табибони шифохонаи Қарияи Боло мегӯянд,дар ин муноқиша устухони гуна ва бинии Нарзуллозода шикастааст ва барои идомаи муолиҷа,ӯ бояд дар шифохона бимонад.

Табибони шифохона рӯзи 9-уми июл гуфтанд, ки Дилшод Нарзуллозода ҳамчунин аз ноҳияи сараш осеби ҷиддӣ дидааст.

Рӯзи 10 июл Дилшод Нарзуллозода нахост дар бораи қазияи ба сараш омада сӯҳбат кунад. Аммо дар сару рӯи Нарзуллозода осори латукӯб мушоҳида мешуд. Ӯ бо дасташ чашми чапашро медошт ва дида мешуд, ки он сиёҳ аст.

"ВКД: Ҷанҷол пас аз баҳси лафзӣ сар задааст"

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон латукӯби кормандашро тасдиқ кард ва як нафарро бо иттиҳоми латукӯби ӯ боздошт карданд. Дар ҳоле ки вазорат нахост, номи боздоштшударо ошкор кунад, хабаргузории "Азия Плюс" бо такя ба манобеи худ дар ниҳодҳои қудратӣ гуфт, ки Диловар Гулов худро ихтиёран ба пулис таслим кардааст ва бозпурсӣ мешавад.

Аммо падараш Шералӣ Гул, вазири собиқи саноат ва энергетика рӯзи 10-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки"ин хабарҳое, ки дар атрофи писари ман мечарханд, асос надоранд".

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорати умури дохилӣ рӯзи10-уми июл гуфт, ҳодисаи латукӯби корманди вазорат таҳқиқ мешавад. Дилшод Нарзуллозода, корманди Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД будааст. Дар вазорат ҳамчунин гуфтанд, ки баъди санҷиши қазия,ҷузъиёти онро эълон мекунанд.

"Назди хонааш пур аз силоҳдорон буд"

Диловар Гулов дар ҳоле ба латукӯби як корманди пулис айбдор мешавад, ки аз субҳи дирӯз ӯ мавриди кофтукоб қарор дошт. Ба қавли яке аз ҳамсояҳои Диловар Гулов, аз субҳи барвақти9-уми июл манзили ӯро кормандони пулис иҳота карда буданд. Манбаъ афзуд, Диловар Гулов дар хона буд ва кормандони пулис, аз ҷумла ОМОН барои хуруҷи ӯ аз хона иҷоза намедонанд.

"Худи Гул Шералӣ низ аз саҳар ҳаминҷо буд. Ба фикрам милисаҳо иҷозаи даромадан надоштанд, ки ба хона намедаромаданд. Баъди нисфирӯзии9-уми июл кормандони пулис рафтанд ва танҳо чор кормандони ОМОН бо силоҳ дар назди хонаи Диловар буданд",- гуфт ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ. Ба гуфтаи вай, танҳо қарибии бегоҳ кормандони ОМОН низ манзили Диловар Гуловро тарк карданд.

Номи Диловар Гулов моҳи марти имсол сари забони расонаҳо шуд. Ӯро рӯзи10-уми март бо гурӯҳе аз дӯстонаш барои халал расондан ба тартиботи ҷамъиятӣ ва итоат накардан ба амри маъмурони милиса дар тарабхонаи "Галакси"-и шаҳри Душанбе боздошт карданд. Ӯ барои чунин қонуншиканӣ ба 5 рӯзи ҳабс маҳкум шуд. Як ҳафта баъд аз раҳоӣ дигарбора гузориш расид, ки Диловар Гулов барои ғайриқонунӣ сиёҳ кардани шишаи мошинаш ҷарима шудааст.

Поделиться новостью в социальных сетях:


Комментарии

Ваше имя
Email

Комментариев пока нет