Худкушии духтари 14-сола се моҳ баъди худкушии модар

11-07-2018 | Общество | 0 | 164

tajikistan

Дар як ҳафтаи охир дар Истаравшан дастикам чор нафар қасди ҷони худ карданд. Як зани 28-солаи модари се фарзанд аз деҳаи Қалъачаи Бакавул шаби 9 ба 10 июл худро ба дор овехт. Ҳамчунин рӯзи 2 июл Шукрона Шокироваи 14-сола аз ҷамоати Зарҳалол худро ба дор кашид. Се моҳ пеш Фарида – модари ин духтар ҳам худро кушт ва тарбияи 5 фарзанди ин зан ба дӯши духтараш Шукрона афтода буд. Шукрона дар номаи пеш аз маргаш васият кардааст, ки укоҳоям дар ин хона наистанд, зиндагӣ дар ин хона пур аз азоб аст.

Шаби 2 июл Шукрона Шокироваи 14-сола аз деҳаи Ҷарқӯрғони ҷамоати Зарҳалоли Истаравшан худро ба дор овехтааст. Ҷасади алакай беҷони Шукронаро субҳ аз ҳалқаи дор берун кашидаанд.

Ҳамагӣ се моҳ пеш Фарида Шокирова – модари Шукрона ҳам худро ба дор овехта, ба зиндагӣ падруд гуфт ва нигоҳубини 5 фарзанде, ки аз ӯ ятим монд, ба дӯши духтараш Шукрона бор шуд. Хонаводаи Шокировҳо бо меҳнати сангини кулӯхрезӣ зиндагии худро пеш мебурданд. Аҳли ин оила ҳар тобистон то 30 ҳазор кулӯх мерехтаанд ва асосан аз ҳисоби фурӯши ҳамин маҳсули дасти худ зиндагиашонро таъмин мекарданд.

Шукрона қабл аз худро ба дор овехтан номаи пеш аз марг низ навишта дар як ҷои намоён гузоштааст. Ӯ дар ин нома навиштааст, укоҳоям дар ин хона наистанд, азоб дар ин хона зиёд аст...

Ҳамсояҳо мегӯянд, Фарида – модари Шукрона як зани озодакору кадбону буд ва аз ӯ тавсиф мекунанд, ки бо вуҷуди рӯзгори сахт ва дасти кӯтоҳ ҳавлиашонро хеле озода нигоҳ медошт ва ҳама ҳавлиро гулу гулзор карда буд. Ҳамсояҳо дар сӯҳбат бо "Ахбор” гуфтанд, то ҳол намефаҳманд ва ақлаашон ҳеҷ намегирад, ки ин зан чаро худкушӣ кард? Худкушии духтари ӯ Шукронаро низ ҳамсояҳо як кори боварнокарданӣ меноманд.

То ба куҷо расидани тафтиши сабабҳои худкушии паиҳами модару духтар дар ҷамоати Зарҳалол аз ҷониби мақомоти Истаравшан ҳанӯз равшан нест, вале бино ба иттилои дарёфтӣ, танҳо дар як ҳафтаи охир дар шаҳру деҳоти ин минтақа 4 қасди худкушӣ сабт шудааст.

Аз ҷумла як мард, ки ба натиҷаҳои бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол пули зиёдеро қарз гирифта, гарав гузошта буд, баъди бохтани дастаҳои интихобкардааш, худро ба дор кашидааст. Ӯро тавонистаанд сари вақт аз ҳалқаи дор берун биоранд ва ба бемористон баранд. Ин мард ду рӯз дар беморхона табобат гирифта, ҳоло ба хона баргаштааст.

Ҳамин тавр, шаби 9 ба 10 июл як зани соли таваллудаш 1990, ки се фарзанд дошт, дар деҳаи Қалъачаи Бакавули ҷамоати Чавгандак худро ба дор овехтааст. Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, ки ӯ гӯё мушкилоти равонӣ дошт. Аммо суоле бармехезад, ки агар ин зан бемории асаб дошт, пас чаро дар сабти табибони равоншинос набуд ва чигуна як зани мариз 3 фарзанд ба дунё овард?

Аҷаб он аст, ки аксари занонеро, ки худкушӣ мекунанд, баъди маргашон дар аснод ҳамчун бемори асаб сабт мекунанд. Аммо ҷомиашиносон мегӯянд, иллати аслии шумори афзояндаи худкушии занон дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар Истаравшан на мушкилоти равонии онҳо, балки бештар мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва зӯроварӣ дар хонаводаҳост.

Поделиться новостью в социальных сетях:


Комментарии

Ваше имя
Email

Комментариев пока нет