"Хонаи ҳамсояи сарватманд ё ҳукумати Панҷакент?" Ҳукми се ноболиғ барои омодагӣ ба таркиш

11-07-2018 | Безопасность | 0 | 250

tajikistan

Бинои ҳукумати Панҷакент.


Се ноболиғи сокини Панҷакент барои қасди тарконидани бинои ҳукумати шаҳр ба зиндон маҳкум шуданд.

Додгоҳи вилояти Суғд Ғуфрон Ҳайдарови 17-соларо, ки замони содир кардани ҷиноят 16 сол дошт, ба шашуним сол ва ду ҳамсоли дигари ӯ-Миркамоли Ҷаббор ва Муродбек Ҳайдаровро ба панҷуним соли зиндон маҳкум кард. Ин се нафар ба "терроризм ва ташкилу узвият дар созмони ифротагро", муттаҳам шудаанд.

Ин се нафар авоили соли гузашта замоне боздошт шудаанд, ки ба гуфтаи мақомот, бо раҳнамоии як узви гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ маводи тарканда омода мекарданд. Худи наврасон дар додгоҳ гуфтаанд, ки қасди таркондани хонаи ҳамсоя, на ҳукуматро доштанд.

"Хонаи ҳамсояро тарконданӣ буд"

Дар ҳукми додгоҳи вилояти Суғд, ки рӯзи 10-уми июл дастраси Радиои Озодӣ шуд, гуфта мешавад, ин се нафар, ки ба ҳам риштаи хешутаборӣ доштанд, "давраи омӯзиши сохтани бомбаи хурдро тавассути интернет аз бар карда", барои амали кардани нияташон маҳсулот харидорӣ мекарданд. Обиддин Мақсадзода, як коршинос дар додгоҳ гуфтааст, маҳсулоте, ки аз рӯи нақша ин наврасон бояд бомба месохтанд, метавонист боиси таркишу харобӣ шавад.

Наврасон иттиҳоми таҳияи маводи таркандаро дар додгоҳ рад накарданд, вале гуфтанд, қасди онҳо тарконидани бинои ҳукумат набуд, балки мехостанд, хонаи як марди сарватманди маҳалаи худро мунфаҷир кунанд. Ин мард ба гуфтаи муттаҳамон, пайваста онҳоро азият мекард ва мезад.

Аммо додгоҳ гуфтааст, сабти садои сӯҳбати ин ҷавонон ва нусхаҳои мукотибаи онҳо бо узви гурӯҳи тундрави ДИИШ-ро дар даст доранд, ки барои тарконидани бинои ҳукумати шаҳр омодагӣ медиданд. Аз ҷумла, дар маводи додгоҳи вилояти Суғд гуфта мешавад, ки василаи аслии мукотибаи ҷавонҳо бо аъзои ДИИШ шабакаи иҷтимоии ИМО ва барномаи интернетии "ЗЕЛЛО" буд.

Вале хешовандони ноболиғони маҳкумшуда гуфтанд, ки телефони дастии ҳарсеи онҳо бо пули падарҳои муҳоҷирашон ба хотири тамос бо онҳо харидорӣ шуда, ҳеҷ интизор надоштанд, ки барои чунин ҳадафҳо истифода мешавад. Дар додгоҳ волидон иқрор шуданд, ки писаронашон "телефонбозӣ" мекарданд.

Савриниссо Боева, модари Ғуфрон Ҳайдаров, ки додгоҳ ӯро созмондиҳандаи аслии гурӯҳ донистааст, рӯзи 10-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, фарзандаш ҳеҷ гоҳ қасди тарконидани бинои ҳукуматро надошт, аз ин рӯ, бояд ҷазои сабуктар мегирифт.

"Як марди ҳамсоя ӯро латукӯб кард ва азобаш медодааст. Ӯ ба хотири қасос гирифтан аз интернет ҳамин маводи таркандаро кофтааст. Ба ӯ гуфтаанд, ки барои хонаи ҳамсояро таркондан ба ту нишон намедиҳем, бояд бинои ҳукуматро тарконӣ. Ӯ розӣ шудааст, вале мақсадаш тарконидани бинои хонаи ҳамсоя будааст. Хешбачаҳояш ба ӯ ҳамроҳ мешаванд",-гуфт ӯ.

Модар гуфт, ки Ғафур гӯё барои "гаппартоӣ" ба сӯи духтари ҳамсоя мавриди хашми ӯ қарор гирифт. Ин зан мегӯяд, фарзанди ӯ ва ду рафиқаш ба ҳеҷ созмони ифротгаро шомил набуданд ва бояд танҳо барои "қасди сохтани маводи тарканда", муҷозот мешуданд. Ҳоло волидайни ин наврасон дар номае ба Додситонии кулл ва президенти кишвар ҳукми ин наврасонро "сангин" унвон карда, хостори раҳоии онҳо аз зиндон шудаанд.

Ҳукумат: Ифротгаро шудани ноболиғон афзоиш ёфтааст

Номаи ин волидайн бо дархости сабук кардани гуноҳи фарзандонашон дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон тарҳи лоиҳаи пешниҳодшуда аз ҷониби парлумон барои поин бурдани синни ҷавобгарӣ ва шадидтар кардани ҷазо барои ҷинояти террористӣ нисбат ба ноболиғонро рад кардааст.

Парлумон пешниҳод кардааст, ки ноболиғони 14 ва 15-солае, ки аз рӯи моддаи терроризм маҳкум мешаванд, ҷазои сахттар бигиранд. Дар пешниҳоди парлумон шумораи дақиқи ноболиғоне, ки бо иттиҳоми ифротгароӣ ва терроризм боздошт шудаанд, оварда нашудааст, вале гуфта мешавад, "дар давоми 7 соли охир шумораи ноболиғоне, ки бо иттиҳоми терроризм боздошт шудаанд, 1,4 дар сад афзоиш ёфтааст".

Аммо дар хулосаи ҳукумати Тоҷикистон аз 31-уми майи имсол бо радди ин пешниҳод, гуфта мешавад, ки "ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта асосан бо мақсадҳои сиёсию динӣ содир мешаванд ва тафаккури шахсони 14-15 сола барои ба таври пурра дарк намудани имконияти фаро расидани оқибати барои ҷамъият хавфнокии ин кирдорҳо номукаммал аст".

Як манбаъ аз мақомоти интизомӣ, ки парвандаҳои марбут ба терроризм ва ифротгароиро таҳқиқ мекунад, рӯзи 10-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, наздики 80 ноболиғ таҳти таъсири ақидаҳои ифротӣ барои шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротӣ ба Сурия ва Ироқ сафар кардаанд. Ӯ гуфт, ҳамчунин бештар аз 20 ноболиғ дар як соли ахир бо иттиҳоми ифротгароӣ боздошт шудаанд.

Ноболиғ ду ранг мебинад

Фаридун Ҳодизода, коршиноси тоҷик.

Фаридун Ҳодизода, коршиноси тоҷик.

Фаридун Ҳодизода, коршиноси тоҷик, ки бо парвандаи ноболиғон шинос шудааст, рӯзи 10-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, "зоҳиран онҳоро эҳсоси интиқом ва барқарор кардани адолат аз нигоҳи кӯдакона ба ҷиноят бурдааст".

Ӯ гуфт, дар ин синну сол наврас танҳо ранги сафед ва ё сиёҳро мебинад. "Вақте каме зулму ноадолатӣ мебинад, идеяи радикализм ӯро зуд ҷазб мекунад. Аз тарафи дигар, наврас зери таъсири ҳар идея равад ва мехоҳад, қаҳрамони он бошад. Масалан, дилхоҳ наврас пас аз тамошои филме мехоҳад мисли қаҳрамони он бошад. Орзуи қаҳрамон шудан наврасро ба ҳар роҳ мебарад. Фақат калонсоле лозим, ки он роҳро барояш нишон диҳад. Фарқ намекунад, ки он роҳ хуб аст ва ё бад",-гуфт ӯ.

Мубориза бо терроризм ва ифротгароиро ҳукумати Тоҷикистон аз авлавитяҳои кори худ барои таъмини субот дар кишвар медонад. Дар панҷ соли ахир беш аз ҳазор шаҳрванди ин кишвар барои пайвастан ба созмонҳои тундрав ба Сурия ва Ироқ рафтаанд. Солона даҳҳо нафар бо иттиҳоми ифротагроӣ боздошт мешавад. Дар гузашта низ чанд ҷавон барои омодагӣ ба таркиши биноҳои муҳими давлатӣ боздошт шуданд, вале бори аввал аст, ки се ноболиғ бо чунин иттиҳом зиндонӣ мешаванд.

Поделиться новостью в социальных сетях:


Комментарии

Ваше имя
Email

Комментариев пока нет