Боздошти як тоҷик дар маскав барои дуздии 2 миллиони мухлиси англис

10-07-2018 | Мигранты | 0 | 126

tajikistan

Бино ба хабарҳо, як шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистонро дар шаҳри Маскав бо иттиҳоми дуздии пулу моли як мухлиси англис ба маблағи қариб 2 миллион рубл, муодили 32 ҳазор доллар дастгир кардаанд. Мухлиси 57-солаи англис мегӯяд, телефони iPhone ва соати Rolex-ашро низ рабудаанд.

 

Хабаргузории РИА Новости аз қавли мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Маскав хабар дод, ки пулис як зодаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми дуздии қариб 2 миллион рубл пулу моли мухлиси дастаи Англия дастгир кардаанд.

Ба гуфтаи манбаи РИА Новости, ин шаҳрванди Тоҷикистон соли таваллудаш 1988 мебошад. Ӯ дар ҷараёни бозпурсӣ даст доштанаш дар ин дуздиро эътироф кардааст. Ба зидди ин зодаи Тоҷикистон, ки дар Маскав такси меронд, бо иттиҳоми дуздӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Субҳи 8 июл як шаҳрванди Британия, соли таваллудаш 1961 ба пулиси Маскав муроҷиат кардааст, ки дар такси телефони iPhone, соати Rolex ва пулҳои ӯ, дар маҷмӯъ ба маблағи қариб 2 миллион рубл, ё 32 ҳазор долларро рабудаанд.

Ин марди англис барои мухлисӣ аз дастаи Англия дар Ҷоми ҷаҳонии футбол ба Русия омадааст.

Ҳамин тавр, рӯзи шанбе, 7 июл аз як шаҳрванди дигари Британия, ки ҳамчун хабарнигори ББС барои пайгирии Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Русия қарор дошт, ба пулис шикоят кардааст, ки дар шаҳри Маскав дар мошини такси ӯро бо қаҳвае зиёфат додаанд, ки хобашро овард ва дар ҳамин ҳолат пулу молашро дуздиаанд. Пулис ду нафарро бо иттиҳоми даст доштан дар ин дуздӣ дастгир кардааст.

Поделиться новостью в социальных сетях:


Комментарии

Ваше имя
Email

Комментариев пока нет