Ба раис – ду рӯз вақт! баҳси бозори ҷанҷолӣ дар мулоқоти мардум бо раиси вилоят

10-07-2018 | Безопасность | 0 | 101

tajikistan

Рӯзи 7 июл дар мулоқоти раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов як мавзӯи доғ ҷанҷоли бозори марказии ин ноҳия буд, ки дӯкондоронашро бо амри раиси ноҳия Комил Салимзода ба бозори "Ашроф”-и додари раис кӯчонданд. Раиси вилоят ба Салимзода ду рӯз вақт додааст, ки ин масъалаи ҷанҷолиро ҳал кунад.

Ҳудуди 20 дӯкондори бозори марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов рӯзи 7 июл ба қабули раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода, ки барои шунидани арзи сокинон ба ин ноҳия буд, даромада, дигарбораи мушкили ин бозорро дар миён гузоштаанд.

Лола Яъқубова, вакили мудофеи дӯкондорони бозори марказии ноҳияи Расулов рӯзи 9 июл дар сӯҳбат бо сомонаи "Ахбор” гуфт: "Аввал 7 соҳибкори бозори марказӣ ва баъдан 12 каси дигар ба қабули раиси вилоят даромада, муаммои бозорро гап заданд. Аввал мақомот гуфтаанд, ки бозорро бар асоси тағйирот дар Нақшаи умумӣ (Генплан)-и маркази ноҳия бардоштаанд. Аммо соҳибкор Ашӯрмат Хоҷаматов гуфтааст, агар бозор бар асоси Генплан бардошта мешуд, мо дар ду марҳалаи додгоҳӣ ғалаба намекардем. Раис ба суд генплани тағйирдодашударо пешниҳод карда натавонист. Баъди шунидани арзу доди соҳибкорон раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Комил Салимзода барои ҳалли мушкили бозор ду рӯз вақт додааст. Ду рӯз гузашт, вале раис ҳанӯз хомӯш аст.”

Бозори марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов чанд сол боз ба як мояи баҳси байни дӯкондорони ин бозор ва роҳбарони ноҳия табдил ёфтааст.

Ин бозор ҳанӯз 70 сол пеш сохта шуда, аз тақрибан 150 мағозаву дӯкон иборат аст. Дар соли 2013 Комил Бӯтаев, сардори собиқи нозироти андози ноҳия, ки ҳоло номашро ба Комил Салимзода иваз карда, раиси ноҳияи Расулов аст, дар як канори шаҳраки Меҳробод ҳамроҳи бародараш бозори наверо бо номи "Ашроф” сохт. Азбаски соҳибкорон ба ин бозор наомаданд, Бӯтаевҳо ба соҳибкорони бозори марказии ноҳия фишор оварданд, ки ба бозори нав бикӯчанд. Ин фишорҳо баъди ба мақоми раиси ноҳияи Расулов таъйин шудани Комил Салимзода афзоиш ёфт.

Салимзода рӯзи 8 сентябри соли 2017 бо судури қарораш таҳти рақами 550 "дар бораи манъи фурӯши маҳсулоти хӯрока, маҳсулоти саноатӣ ва дигар намуди маҳсулот дар ҳудуди бозори кӯҳнаи ноҳияи Ҷ.Расулов, ҶДММ "Ҳоҷӣ Тошпӯлод”, ҶДММ "Алибек Ота”, ҶДММ "Шарипҷон Ота”, Ҷамъияти матлуботи ноҳия ва дигар субъектҳои алоҳида” билохира ба бастани бозори кӯҳна муваффақ шуд. Рӯзи 12 сентябр кормандони милиса омада, дари бозорро бастанд ва ба бозорнишинҳо дастур доданд, ки бе ягон гап ба бозори нав бикӯчанд.

Аммо байни онҳо ва мардум баҳси тунд бархост ва мақомоти милиса писар ва ду ҷияни раиси бозоримарказӣ Бекмурод Тоштемировро ба ҳабс гирифтанд. Баҳонаи ҳабси онҳо дашном додан бакормандони милиса гуфта мешуд, вале соҳибкорон мегӯянд, дар асл бо ҳабси ин се нафар мехостандТоштемиров ва дигар дӯкондоронро битарсонанд.

Бозори нави "Ашроф” дар аснодаш ба номи Акмал Бӯтаев – додари раиси ноҳия Комил Салимзода аст, вале соҳибкорони бозори марказӣ мегӯянд, соҳиби аслии бозори нав, ки 300 метр канортар азроҳи Ҷаббор Расулов – Хуҷанд сохта шудааст, худи раиси ноҳия аст ва танҳо ба ин далел ки мансабдори давлатӣ қонунан ҳаққи фаъолияти тиҷоратӣ надорад, бозорро ба номи додарашномнавис кардааст.

Вале Файзулло Қосимӣ, муовини аввали раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов дар як мусоҳибааш ба раисиин ноҳия тааллуқ доштани бозори "Ашроф”-ро рад кард, вале эътироф кард, ки дар ин бозор наздикони Комил Салимзода саҳм доранд: "Бозори нави "Ашроф” дар мақомоти марбутаҳамчун шахси ҳуқуқӣ бо номи ҷамъияти саҳҳомии кушода (ООО) "Ашроф” сабти номшудааст. Ин ҷамъият аз саҳомдорон иборат буда, дар асоси Ойинномааш фаъолият мекунад. Бародари раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Бӯтаев Акмал узви ҷамъияти саҳҳомии кушода буда, як миқдори муайяни саҳмияҳоро дорад, вале соҳиби мутлақи бозор нест. Худи Комил Салимзода, бар асоси маълумоти мақомоти андози вилояти Суғд, соҳиби моликияте, ки бархе ба номи вай бор мекунанд, нест. Ӯ ҳамчунин ба рӯйхати саҳомдорони ҷамъияти саҳҳомии кушода нест ва ба ин бозор ягон робитае, ба ғайр азробитаҳои хидматӣ надорад.”

Файзулло Қосимӣ гуфт, бозори марказӣ дар шаҳраки Меҳробод – маркази маъмурии ноҳияи Расулов– бар асоси Нақшаи генералии рушди ин шаҳрак бояд тахриб шуда, дар ҷои он биноҳои истиқоматӣ, бонк ва истгоҳи "Ёрии таъҷилӣ” сохта шавад.

Аммо дӯкон дорони бозори марказӣ мегӯянд, ҳадафи мақомот аз тахриби ин бозор ва маҷбуран ба бозори "Ашроф” кӯчондани онҳо ба ҷайби хонаводаи раиси ноҳия равон кардани маблағҳоибузургест, ки аз ҳисоби иҷораи дӯконҳо ба дасташон хоҳад омад.

Ибтидо додгоҳи иқтисодии вилояти Суғд ва дар поёни моҳи феврал Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон низ қарори раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Комил Салимзода дар мавриди тахриби бозори марказии ин ноҳияро ғайриқонунӣ бароварда, гуфт, раиси ноҳия аз ҳадди ваколаташ берун баромадааст. Аммо Салимзода аз ин ҳукм низ шикоят бурдааст ва ин далел, ҳукми Додгоҳи олии иқтисодӣ дар мавриди дубора кушодани бозори марказии ноҳия дар маркази маъмуриаш – шаҳраки Меҳробод – боз ба таъхир гузошта шуд.

Додгоҳ дар қарораш раиси ноҳияи Ҷаббор Расуловро ба қонуншиканӣ ва берун баромадан аз ҳадди салоҳиятҳояш ҳамчун раиси ноҳия низ айбдор донист: "Суди марҳилаи якум ба хулоса омадааст, ки раиси ноҳияи Ҷ.Расулов дар вақти қабули қарори баҳсӣ берун аз ваколати худ қарор қабул намуда, нодуруст ва ғайриқонунӣ ҳамчун асос талаботи моддаҳои 19 ва 20-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, иҷроиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 26 ноябри соли 2016 таҳти рақами 508 "Дар бораи нақшаи генералии шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷ.Расулови вилояти Суғд”, супорииш муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 16 апрели соли 2014 таҳти рақами 5/28-44/12 "Оид ба таъмини иҷрои мактуби Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷрои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва таъмини иҷроиши Протоколи вохӯрии гурӯҳи кории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорони бозори кӯҳнаи марказии ноҳия аз санаи 25 августи соли 2017-ро ба роҳбарӣ гирифтааст.”

Марҳалаи кассатсионии Додгоҳи олии иқтисодӣ низ чунин хулосаи суди марҳалаи аввалро "дуруст ва асоснок” ҳисобида, дар қарораш чунин таъкид кардааст: "Дар моддаи 20-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” ваколатҳои раиси ноҳияи дарҷ гардидаанд, ки дар он масъалаи манъ намудани фурӯши маҳсулот, манъ намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва ё манъ намудани фаъолияти соҳибкорӣ дар намуни фурӯши молу маҳсулот дар бозорҳо муқаррар нагардидааст.”

Чунин ба назар мерасад, ки ба Генплан даровардани қаламрави бозорҳои марказӣ ва ба ин баҳона маҷбуран ба бозорҳои сохтаи мансаб дорони бонуфуз кӯчондани дӯкондорон ба як "бизнес”-и пурфоидаи мансабдороне табдил ёфтааст, ки мақоми давлатиро ба василаи даромад табдил додаанд. Қаблан боайни шева ва бо баҳони Генплан бозорҳои марказӣ дар чанд ноҳияи дигарро тахриб карданд вамардум моликияти худро аз даст дода, маҷбур шуд дар бозори нав тиҷораташро аз сифр ва бо пардохти маблағҳои бузург ба соҳибони ин бозорҳо оғоз кунад.

Раиси собиқи вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ низ чанд бор ба ин ҷанҷоли бозори ноҳияи Расулов дахл карда, гуфта буд, медонад, ки бозори нави "Ашроф” ба номи додари раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов аст:" То замоне, ки худи соҳибкорон бо хоҳиши худ ба бозори "Ашроф” кӯч набанданд, касе ҳуқуқи онҳоро маҷбуран ба ҷои дигар интиқол доданро надорад. Ҳатто ба раиси ноҳия дар вақти ба сари вазифа омаданаш махсусан таъкид карда будам, ки раиси бозори "Ашроф” додари ту мешавад ва дар ин масъалаи даргир - яъне ” баҳси соҳибкорони "Бозори марказӣ” ва бозори "Ашроф” умуман дахл накун…”

Мақомоти ноҳияи Ҷаббор Расулов мегӯянд, бозори "Ашроф” як фурӯшгоҳи замонавӣ буда, ба меъёру талаботи имрӯз ҷавобгӯст. Ба гуфтаи онҳо, бозори кӯҳна хеле фарсуда шудааст ва навсозиаш харҷи зиёд талаб мекунад.

Вале соҳибкорони бозори марказӣ мегӯянд, масъала дар асл сари фоидаи бозорҳост ва раиси ноҳия Комил Салимзода мехоҳад ин дарёи пулро ба тарафи ҷайби хешу табори худ гардонад.

Аммо як суол бармехезад, ки агар ҳар раиси ноҳия фақат дар фикри фоидаи худу хешу табораш шавад, ғами рушду пешрафти ноҳияро кӣ мехӯрад?

Аҷоиб он аст, ки баробари ба вазифа расидани як нафар, ҳама хешу табори вай – акаву додар, додарарӯсу дигару дигараш ҳама якбора дар сояи вай ба тоҷирони муваффақ табдил меёбанд.

Вале агар ҳар раис, мисли Комил Салимзода бо усули "аввал худамро як тинҷ карда гирам” амал кунад, кори давлатро кӣ мекунад? Пас ин раиси асри 21 аз як амлок дори 100 солу 200 сол пеши амири Бухоро чӣ фарқ дорад?

Поделиться новостью в социальных сетях:


Комментарии

Ваше имя
Email

Комментариев пока нет