Боз як дурӯғи шиаёнаи Кабирӣ фош шуд

25-07-2018 | Politics | 1 | 2238

tajikistan

Ҷамъомади наҳзатиҳо дар Дортмунд шикаст хӯрд. Фиреби Кабирӣ барои ҷамъ овардани гурӯҳҳои ба истилоҳ мухолиф дар зери «қанат»-и худаш, ки як кӯшиши навбатии аз «кома»-и сиёсӣ баровардани худу ташкилоти террористиаш буд, дар сатҳи тахаюлоти утопиявии мағзи худаш боқӣ монд.

Роҳи халосӣ аз ин шармандагиро зиёд наҷуст. Аз усулу фатвои пирони мазҳабиаш кор гирифта, нигини ангуштарии охундиашро дарун тоб додаву набераи 4-солааш Ҳамзаро, ки гирифтори ранҷурии шадид аст, бидуни ҳеҷ истиҳола ба майдони бозиҳои ифлоси сиёсии худу хоҷагонаш аз «аҳли байт» кашид. Тифлеро, ки аз бемориаш аллакай 5 моҳ гузаштааст, «гаравгон»-и Ҳукумат эълон кард. Чаро ҳафтае пеш не, моҳе пеш не ва маҳз ҳамин рӯзҳо?

Зеро дар он рӯзҳо банд буд. Дасту хаёлаш ба Ҳамзаи маъсум намерасид. Бояд ҳамоиш меоросту эътилоф месохту худ сарвари он мешуд. Супориш ҳамин гуна буд. Ҳатто бо ҳама «фидоӣ»-и Ислом нишон доданҳои худаш, барои расидан ба ҳадаф омода буд, ки часпаки «исломӣ»-ро аз ташкилоти кӯҳнааш, ки бо ҷомаи нав зуҳур мекард, ҳазф кунад. Лекин муродаш ҳосил нашуд. Панири дар дом гузоштааш бӯйгин баромад. Зиёиёнро канор гузорем, ҳатто чор-панҷ ҷавони бесаводи «Гурӯҳи 24» низ, онро ҳис карданд ва нахостанд олудаи ин бӯйи бади наҳзатӣ гарданд.

Кабирӣ чун охирин шанс, мисли нӯшдору барои нигаҳ доштани худу эътибори дар дами марг қароргирифтаи вуҷуди сиёсиаш, Ҳамзаи кӯчаку дардмандро дастак кард. Тифли бегуноҳро ба манбаи баҳсу овозаҳои дурӯғин, сиёҳ кардани мақомоти давлатию ҳарчӣ бештар «ҳақиру ҷабрдида» нишон додани шахси худаш табдил дод. Тифли бечораи чорсола аз куҷо медонад, ки имрӯз дар сархати хабарҳои расонаҳои иғвоангезу моҷароҷӯ қарор дорад, вале бобои носераму бандаи нафси бардагонааш хеле розию қаноатманд аст. Чунки ҳамаҷо дар паҳлуи Ҳамза номи ӯст ва то он замон, ки номаш дар расонаҳо боқист, хоҷагонаш навмедаш нахоҳанд кард. Гушнааш намегузоранд.

Ҳамзаи чорсола аз куҷо дарк мекунад, ки тақдири ӯ барои бобои «сиёсатмадораш» он қадар муҳим ҳам нест. Чуноне, ки манзалати муқаддаси модар чанди сол қабл пеши ӯ хор монда буд.

Куҷое хондаам. Дар рӯзҳои мо аз як деҳаи диёрамон гунгбачае аз мушкилоти рӯзгор ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравад ва аснои он ҷо

қарор доштанаш модараш аз дунё реҳлат мекунад. Вақте хабарро барояш мерасонанд, илоҷе карда, тариқи «Вайбер» ба ҳамдеҳагон бо имою ишора мефаҳмонад, ки ӯро мунтазир шаванд, модарашро ба қабр насупоранд. Давоми як шаб бо масири парвозҳои гуногун ба ин кишвару он кишвар ва ин шаҳру он шаҳр худро то деҳа мерасонад, тобути модарро мебӯсад ва дасташро мебардорад, бо ишораи иҷозати ҷаноза. Аз амалкарди гунгбача сели ашк аз дидаҳои мардуми деҳа чандин рӯз равона будааст.

Муҳиддин Кабирӣ гунг набуд. Муҳоҷир ҳам набуд. Бо пули ӯ тайёраи хосро киро кардан мумкин буд, аммо ҳайҳот. «Як шаба ранҷе, ки модар кашид, Бо ду ҷаҳонаш натавон баркашид». Он гунгбача ин маъниҳоро сарфаҳм рафт ва ҳамчун қарзи охирин дар назди модар бардоштани пояи тобути ӯро ҳисобид. Кабирӣ чӣ? Ӯ низ «Вайбер»-ро истифода кард. Лекин барои манъи ҷаноза то омаданаш не, барои хондани ҷаноза. Манзалати мартабаи модар пешаш ҳамин қадар буд.

Барои Ҳамза дар давоми панҷ моҳи касалиаш чӣ кор кард? Мутмайинам, ки агар маблағи дурусте мефиристод, барвақт ин мушкилот ҳал мешуд. Бидуни баҳсу расонаӣ кардани қазия. Аммо ин корро накард. Баръакс, тавассути чанд расонаи иғвоангези наҳзатӣ ва наздик ба ин ташкилоти террористӣ ба дурӯғпароканӣ даври бемории набераи чорсолааш пардохт. Ҳама ҷо овоза кард, ки асноди модари Ҳамза – Мижгона Зайниддиновнаро мақомот гирифтаанд ва барояш барнамегардонанд, то писари дардмандашро ҷиҳати муолиҷа ба хориҷа барад. Мақсаднок ин дурӯғро паҳн кард. Зеро медонист, ки танҳо бо ин васила метавонад ҳисси нафратро нисбати мақомот дар қалби хонандагону корбарони Интернет ҷой кунад.

То ҷойе ба мақсад ҳам расид. Бисёриҳо бовараш карданд. Дар миёни фиребхӯрдаҳо ҳатто номи Додоҷони Атовуллоро хондаму хаёлан ба худ гуфтам: «Эҳ Додо, Додо. Худро хеле зирак меҳисобию боз дар дарки фиреби Кабирӣ, дар кушодани чигили макри мулло дармондӣ. Чӣ шуд, ки раҳгум задӣ? Ба андешаам пирӣ дар вуҷудат пирӯз шуда истодааст. Худро гаҳе инҷо ва гоҳе унҷо мезанӣ. Сираш чист?».

Асрори дурӯғи шиаёнаи Кабирӣ аз он ҷое фош шуд, ки на худаш интизор буду на дигарон. Сараввал, 23-юми июл изҳороти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон пахш шуд, ки тибқи он маълум гашт номи Ҳамза Тиллозода ва наздикони ӯ дар феҳристи афроди мамнӯъулхуруҷ аз Тоҷикистон вуҷуд надорад. Афроди наздики Ҳамза

низ ба ҳеҷ гузаргоҳи марзии Тоҷикистон муроҷиат накардаанд ва касе низ пеши роҳашонро нагирифтааст. Ва ҳамон рӯз, худи Мижгона дар мусоҳибааш бо радиои «Озодӣ» (радиое, ки бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳеҷ иртиботе надорад ва пайваста айбу нуқсонҳои ин ҳукуматро меҷӯяд) изҳору таъкид кард, ки ҳуҷҷатҳояшро дар хона гум кардааст, ҳеҷ кас ва ҳеҷ мақоме аснодашро нагирифтааст ва баръакс онҳо барояш ваъда додаанд, ки дар барқарор кардани шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳо кӯмакаш мекунанд.

Рӯи Кабирӣ аз ду тараф ва ду бор сурх шуд. Як бор вақте ин дурӯғро мебофт, ки касе надид ва акнун баъди садо додани ҳақиқат аз забони келинаш.

Аз ҷониби дигар, рӯи ӯ сурх ҳам намешавад. Ин нишона хоси мардон аст, хоси онҳоест, ки шарм медоранд. Чунин ҳиссиёт барои Кабирӣ бегона аст. Зеро пиронаш бешарманд. Дар дурӯғ гуфтан фатвои онҳоро дорад. Ва барои ҷавоб гуфтан дар назди Довари Ҳақ, ангуштарӣ. Нигинашро дарун, ҷониби кафи даст тоб медиҳаду ҳарчӣ хост гуфтан мегирад. Фақат ба манфиати ҳизби террористиаш ва хоҷагони охундаш бошад, шуд. Сарнавишти Ҳамзаи кӯчак бошад, ҳаволаи Худост. Фақат исми худаш - Кабирӣ, бо ҳар роҳе аз сархати расонаҳо дур нашавад. Барои ӯ баринҳо хос аст, ки «гӯр сӯзаду дег ҷӯшад». Дар чунин ҳолатҳо, Кабирӣ раҳме надорад, на ба худӣ ва на ба бегона.

Амруллоҳи Қурбон,

марди асил.

Share the news on social networks:


Comments

Your Name
Email

Беном

2018-07-26 07:38:08

КАбири дуруг гуфтаст шиаёна чиба пеш ай я ахбора пахн кадан фикр кнен ира дигарорам мехонан фикрт дигарора намекнен мардуми бадахшонам мазхабшон шиа сахтшон мераса ! Шайхтемур ови тахоратша да одамо сер кард намеганш ку фитнаи ханафия!